spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

ВАО: Трамп вуруди гурезаҳо аз 7 кишварро манъ мекунад

Имрӯз аз ҷониби президенти ИМА Доналд Трамп ба имзо расидани фармонҳо дар бораи манъи муваққатии вуруди гурезаҳо ба ИМА ва боздошти додани раводид ба шаҳрвандони Сурия ва боз 6 кишвари дигари минтақаи Шарқи Наздик ва Африқо дар назар аст.

Бино ба навиштаҳои ВАО дар ин робита, Доналд Трамп ба имзои фармонҳои марбут ба паноҳандагон ва муҳоҷирон аз як қатор кишварҳои африқоӣ ва минтақаи Шарқи Наздик омодагӣ мегирад.

Гуфта мешавад, дар фармони президенти ИМА манъи муваққатии вуруд ба ИМА барои паноҳандагон аз Ироқ, Эрон, Ливия, Сомали, Судон, Сурия ва Яман пешбинӣ шуда, маҳдудияти сафар ҳамчунин ба бархе аз шаҳрвандони ин кишварҳо, ки аллакай раводид доранд, низ дахл хоҳад дошт.

Ин фармон шояд ба намояндагони аққалиятҳои динӣ, ки дар ватанашон мавриди таъқибу фишор қарор доранд, дахл накунад. Ин маҳдудиятҳо нисбати муҳоҷирон то замони аз ҷониби ҳукуматдорони ИМА ҷорӣ шудани низоми бештар шадиди назорати муҳоҷирон амал хоҳанд кард.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Хонае, ки Доналд Трамп сохтааст

Хабаргузории Associated Press иттилоъ медиҳад, ки 25 январ Трамп нахуст дар бораи пурзӯр шудани тадбирҳои амниятӣ дар марз ва сипас нисбати паноҳандагон амру фармонҳо ба имзо расониданист.

Дар ҳамин ҳол, Трамп эълон кардааст, ки корҳои бунёди девор байни марзҳои ИМА ва Мексика оғоз шудаанд. «Барои таъмини амнияти миллӣ пагоҳ рӯзи бузургу хуш аст. Миёни дигар корҳо мо девор ҳам месозем!», – хабар додааст ӯ дар саҳифаи твиттерии худ.

Хадамоти русии Би-би-си менависад, фармон дар бораи бунёди деворро президенти ИМА қарибиҳои бегоҳ ба имзо мерасонад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...