Президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ бо сафари дурӯза ба Маскав ташриф оварда, бо нахуствазири Русия Дмитрий Медведев имкони роҳандозии тартиби боҷҳои пасти интихобӣ дар савдо миёни Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро баррасӣ кард.
Нашрияи «Коммерсант» менависад, имрӯз Ҳасан Рӯҳонӣ бори нуҳум бо президенти Русия Владимир Путин дидору гуфтушунид карда, дар мулоқот баррасии лоиҳаҳои муштарак лар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт дар назар аст.
Қаблан вазири энергетикаи Русия Александр Новак дар ин робита зикр карда буд, ки дар мавриди боҷҳо дар бораи интиқоли маҳсулоти саноатӣ ба Эрон ва маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия сухан меравад.
Гуфта мешавад, ба ҷуз тиҷорати дуҷониба, Русия ва Эрон ҳамчунин масъалаи амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи саноат ба маблағи умумии 10 млрд. долларро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.