Дар музофоти Шандуни нимҷазираи Сзяодуни Чин, ки дар қисмати шарқии ин кишвар воқеъ аст, бузургтарин дар таърихи Чин кони тилло бо захираи 382 тонна кашф шуд.
Агентии China News бо истинод ба ширкати Shandong Gold Group Co., Ltd дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки маблағи захираҳои кони мазкур 22 млрд. доллар арзёбӣ мешаванд.
Захираҳои металли қиматбаҳои ин кон дар масофаи 2 километр ҷойгир шуда, ғафсии қишри замин 67 метр ва таркиби тилло дар ҷинсҳои кӯҳи 4,52 грамм дар як тоннаро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, агар ин кон ҳамарӯза бо истихроҷу коркарди 10 тонна маъдан кор кунад, муддати 40 сол бидуни таваққуф бо иқтидори пурра фаъолият дошта метавонад.