Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Миёни осебдидагон дар Петербург шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Миёни осебдидагон дар Петербург шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд

Asia-Plus

Дар ҳодисаи таркиши дар метрои шаҳри Санкт-Петербург шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд.

Котиби матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тибқи маълумоти пешакӣ, миёни осебдидагон дар ин ҳодиса шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

«Мо ҳодисаро пайгирӣ дорем ва бо дастрас шудани хабарҳои иловагӣ маълумот медиҳем, – иброз дошт ӯ. – Намояндагони Консулгарии генералӣ бо мақомоти маҳаллии давлатӣ дар ин шаҳр ҳамкорӣ доранд».

Нимаи дуюми рӯзи 3 апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербург таркиш ба вуқӯъ пайваста, бар асари он 11 нафар ҳалок ва ҳудуди 50 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Президенти Русия Владимир Путин, ки дар ҳамин шаҳр ҳузур дорад, гуфтааст, ки фарзияи амали террористӣ дар ин ҳодиса афзалият дорад. Дар шаҳри Санкт-Петербург ба хотири қурбониёни ин ҳодиса 3 рӯз мотам эълон шуд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, баъди таркиш тамоми метрои шаҳрро баста, дар метрои дигари марказӣ дар истгоҳи Майдони Восстания як бомби нотаркида ёфта ва “зуд безарар” шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ бо такя ба хабаргузории “Интерфакс”, дар ниҳодҳои интизомии Русия гуфтаанд, ки таркиш дар истгоҳи метрои Санкт-Петербургро як маргталаб анҷом додааст. Ҳуввияти гумонбар низ мушаххас шуда, бино ба иттилои муқаддамотӣ, вай зодаи 23-солаи Осиёи Миёна будааст. Гумонбари аввали ҳодиса, ки бо либоси сиёҳу риши дароз тасвир ёфта буд, ба идораи пулис ҳозир шуда ва гуфтааст, дар ин қазия даст надорад.