Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҷиноятҳои ҳарбӣ таҳқиқи ҳамлаи эҳтимолии кимиёиро ба вилояти Идлиби Сурия, ки дасти кам ҷони 58 одамро рабуд, оғоз карданд.
Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, комиссияи СММ барои таҳқиқи ҷиноятҳои ҳарбӣ дар Сурия 4 апрел истифодаи эҳтимолии силоҳи кимиёиро дар Идлиб маҳкум карда, гуфтааст, таҳқиқи ҳодиса оғоз шуд.
Фиристодаи хоси СММ дар Сурия Стаффан де Мистура иброз доштааст, ки "ҳамаи нишонаҳо исбот мекунанд, ки дар онҷо ҳамлаи ҳавоии кимиёӣ анҷом шудааст".
Шӯрои амнияти СММ тасмим дорад, ки имрӯз, 5 апрел дар робита ба ин қазия ҷаласаи изтирории худро баргузор кунад. Ба иттилои Гуруҳи назоратии Бритониё, ҳамлаи ҳавоиро 4 апрел дар шаҳраки Хон-Шайхун ҳавопаймоҳои ҳукумати Сурия ё Русия анҷом додаанд. Дар натиҷаи ин ҳамла дасти кам 58 нафар кушта шуданд, ки 11-танашон кӯдаконанд.
Вазорати дифои Русия мегӯяд, дар вилояти Идлиб ҳамлаи ҳавоиеро анҷом надодааст. Ҳукумати президент Башор Асад низ гуфт, силоҳи кимиёӣ истифода накардааст ва ҳамларо кори шӯришгарон номид.
Таҳқиқоте, ки зери сарпарастии СММ анҷом шуд, нишон медиҳад, нерӯҳои ҳукумати Башор Асад аз соли 2014 то 2015 дасти кам се бор хлорро ҳамчун силоҳ истифода кардаанд.
Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амният Федерика Могерини гуфтааст, дастандаркорони ҳамлаи кимиёӣ бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.