Миёни боздоштшудагон дар робита ба амали террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербург ду маргталаби «эҳтимолӣ» низ ҳузур дошта метавонистанд. Дар ин бора нашрияи «Коммерсантъ» хабар медиҳад.
Бин ба маълумоти мусоҳибони нашрия, Акбарҷон Ҷалилови ба ин амал гумонбаршуда бояд ба метро на якто, балки ду дастгоҳи таркандаро меовардааст, ки бо пахши тугмаҳо мавриди инфиҷор қарор мегирифтанд. Ин маълумотҳои «Коммерсант»-ро «Дожд» зикр мекунад.
Гуфта мешавад, яке аз дастгоҳҳои тарканда барои ӯ ва дигараш барои ҳаммаслакаш ҷиҳати содир намудани ду амали террористӣ пешбинӣ шуда будааст, аммо шахси дуюм бо чӣ сабабе ҳозир нашуда, аз ин рӯ, Ҷалилов бомбаи дуюмро дар назди майдони «Площадь Восстания» гузоштааст.
Дар маълумоти нашрия қайд мешавад, ки ҳаммаслакони ӯ «шояд ба таркиши нав бо истифода аз маводи таркандаи сеюм омодагӣ мегирфтанд» ва маргталаби нав амали террористиро метавонист каме дуртар аз макони маросимҳои видоъ бо қурбониёни амали террористӣ анҷом диҳад.
Ба иттилои манбаъ, аксари гумонбаршудагон ба амали террористӣ дар метрои Петербург ҳамдиёрони зодаи вилояти Оши Қирғизистон Акбарҷон Ҷалилов мебошанд.
Зикр гардида буд, ки аз рӯи далели таркиш дар метро ҳашт нафар – Сайфулло Ҳакимов, Иброҳимҷон Ёрматов, Дилмурод Муҳиддинов, Баҳром Эргашев, Аъзамҷон Маҳмудов, Муҳамадюсуф Мирзоолимов, Шоиста Каримова ва Содиқ Ортиқов боздошт шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки бар асари амали террористии рӯзи 3 апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербург 14 нафар ҳалок ва беш аз 40 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.