Президенти Русия Владимир Путин гуфтааст, мақомоти кишвараш имкони аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардани онҳоеро, ки ба гурӯҳҳои тундрав шомил шудаанд, пайдо хоҳанд кард.
Бахши хабарии Осиёи Марказӣ дар ин робита менависад, Путин зимни сӯҳбат бо телевизиони "Мир-24" изҳор доштааст, ки қонуни асосии Русия лағви шаҳрвандиро иҷозат намедиҳад ва аз ин рӯ, имкон дорад, баъзе аз қарорҳое, ки барои дарёфти шаҳрвандӣ асос мешуданд, бекор карда шаванд.
Ахиран маълум шуд, ки гумонбари ҳамлаи террористӣ дар метрои Санкт-Петербург ва зодаи Қирғизистон Акбарҷон Ҷалилов соли 2011 шаҳрвандии Русияро барои он дарёфт кард, ки падараш дар Петербург зиндагӣ мекард. Бисёриҳо дар Русия дастрасии Ҷалиловро ба шаҳрвандии Русия камбуди хадамоти муҳоҷират унвон карданд.
Дар чаҳорчӯби таҳқиқи ин амали террористӣ 8 нафар бо гумони узвият дар гурӯҳҳои ифротгаро дастгир шуданд. Ҳамаи боздоштшудаҳо зодаҳои Осиёи Марказиянд. Қаблан раҳбари Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Бортников гуфт, ки асоси гурӯҳҳои террористиро дар кишвараш шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ташкил медиҳанд.