spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

ИМА сиёсати «сабри стратегӣ» нисбати Куриёи Шимолиро идома намедиҳад

Ноиб-президенти ИМА Майкл Пенс, ки дар Куриёи Ҷанубӣ қарор дорад, 17 апрел аз минтақаи наздимарзии Куриёи Ҷанубӣ бо Куриёи Шимолӣ дидан кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Майкл Пенс дар ин сафар гуфтааст, ҳукумати нави ИМА сиёсати "сабри стратегӣ"-ро нисбати Куриёи Шимолӣ идома нахоҳад дод. Сиёсати "сабри стратегӣ" дар замони президентии Барак Обама дар ИМА ҷорӣ буд.

Бо ишора ба масъалаи мушакҳои ядроии Куриёи Шимолӣ вай гуфт, "давраи сабри стратегӣ ба охир расид".

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тиллерсон: равобити ду қудрати ҳастаӣ набояд дар ин сатҳ бошад

Падари Пенс солҳои 50-уми асри гузашта дар ҷанги Куриё ширкат дошт. Ба ин хотир Пенс гуфт, масъулияти Вашингтон назди Куриёи Ҷанубӣ, ҳамчун шарики низомии ИМА, "халалнопазир" аст. Вай афзуд, Амрико ҷонибдор аст, ки дар нимҷазира Куриё сулҳ барқарор бошад. Аммо Амрико "ҳамеша бо истифода аз нерӯ ба сулҳ даст ёфтааст", гуфт Пенс. Вай дар идома афзуд, ҳоло ИМА талош дорад, ки амниятро дар нимҷазираи Куриё "бо роҳи гуфтугӯ ва музокирот" ҳал кунад.

"Сарфи назар аз ин, ҳамаи роҳҳо баррасӣ мешаванд", – илова кард Пенс. Ба гуфтаи вай, "Амрико дар амри озод кардани нимҷазира аз силоҳи ҳастаӣ ва шукуфоии бардавому озодии одамон дар канори мардуми Куриёи Ҷанубӣ аст".

Ҳафтаҳои охир вазъи нимзараи Куриё якбора бад шуд. Куриёи Шимолӣ бахшида ба 105-солагии Ким Ир Сен мушакҳои дорои кулоҳаки ҳастаӣ партоб кард. ИМА дар навбати худ низомиёнашро ба наздикии нимҷазира фиристод ва аз машқҳои муштарак бо Куриёи Ҷанубӣ хабар дод.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...