Москва дар посух ба тасмими Кишинев ва Таллин дар бораи ихроҷи дипломатҳои рус 5 корманди сафорати Молдова ва ду масъули намояндагии дипломатии Эстонияро "шахсони нохоҳам" ё "persona non grata" эълон кард.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин кормандони намояндагиҳои дипломатии Молдова ва Эстония вазифадор шудаанд, ки давоми се рӯз кишварро тарк кунанд. Дар бораи ному насаб ва мақоми онҳо чизе гуфта нашудааст.
Гуфта мешавад, миёни дипломатҳои русе, ки аз Молдова ихроҷ мешаванд, ёвари кордори низомии сафорати Русия Александр Грудин низ ҳаст. Ӯро моҳи марти соли равон ошкоро ба ҷалб ва гирифтани иттилои махфӣ аз вакили пешини порлумони Молдова Юрий Болбочан, ки 17 март дастгир шуд, айбдор карданд.
Дар вазорати умури хориҷии Русия қазияи ихроҷи дипломатҳои русро он замон "зидду нақиз" номида буданд. Президенти Молдова рӯзи сешанбе гуфт, аз мансабдорони кишвараш, ки ин тасмимро гирифтаанд, тавзеҳ талаб хоҳад кард.
Мақомоти Эстония консули генералии Русия дар шарҳи Нарва Дмитрий Казённов ва консул Андрей Сургаевро 26 май “персона нон грата” эълон карданд.