Шаби 4 июн дар деҳаи Редкинои вилояти Твери Русия 9 нафар ба қатл расонида шуданд.
Бино ба маълумоти «Медуза», дар пайи як муноқиша сари мизи зиёфат миёни қотил ва шиносҳояш муноқиша рух дода, марди 45 сола аз сари миз меравад, вале баъди чанде бо милтиқи шикорӣ баргашта, иштирокчиёни шабнишиниро мепарронад.
Гуфта мешавад, ба яке аз занон муяясар шудааст, ки пинҳон шуда, ба кормандони пулис хабар диҳад. Кормандони пулиси ҳозиршуда дар дохили хона ва рӯи ҳавлӣ ҷасади 5 нафар мардон ва 3 нафар занон ва ҷасади боз 1 зани дигарро аз дохили бағочи автомашина дарёфт мекунанд.
Дар робита ба шахсияти қотил Сергей Егоров «Комсомольская правда» менависад, ӯ сокини Маскав ва бо модари 90-солааш иқомат дошта, ба ҳайси устои барқ кор мекардааст. Тибқи маълумоти ВКД-и вилоят ва шахсони масъули маҳалли воқеа, ӯ қаблан доғи судӣ надошта, рафтораш ҳам мусбат будааст.
Зимнан зикр мегардад, ки сабаби муноқиша он будааст, ки шиносҳояш ба хизмати ҳарбиро адо кардани Егоров бовар намекунанд ва ӯ худро таҳқиршуда ҳисобида, дар ҳолати мастӣ аз онҳо бо чунин тарз интиқом гирифтааст.