Ҳизби муҳофизакори сарвазири Бритониё Тереза Мэй бино бар натиҷаҳои пешакии интихоботи 8 июн мақоми аксариятро дар порлумон аз даст дод ва на танҳо умури сиёсии ин кишвар, балки барномаи хуруҷи Бритониёро аз Иттиҳоди Аврупо зери суол бурд.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мухолифони Мэй – номзадҳои Ҳизби Коргар 267 курсӣ, яъне 35 курсӣ бештар гирифтанд ва роҳ надоданд, ҳизби ҳоким дар порлумон аксарият бошад. Он аз 318 то 322 курсӣ ба даст меорад, аммо барои ташкили аксарияти порлумонӣ мебоист 326 ҷойро ишғол мекард.
Ҷеремӣ Корбин, раҳбари Ҳизби Коргар аз Тереза Мэй хост, истеъфо равад, вале посух гирифт, ки аксарияти нисбӣ алҳол ба Мэй имкон медиҳад дар мақоми сарвазир монад.
Эҳтимол меравад, иттиҳоди Мэй бо ҳизбҳои хурдтар ӯро дар курсии сарвазир нигоҳ хоҳад дошт, ҳарчанд овозаҳои барканорияш ҳарчӣ бештар садо медиҳад.
Корбин дар корзори интихоботӣ хостори боқӣ мондани Бритониё дар минтақаи тиҷорати озоди Иттиҳоди Аврупо буд, либерал-демократҳо тарафдори назарсанҷии нав сари узвият дар ин эътилоф ва Ҳизби миллии Шотландия хостори назарсанҷии нав дар бобати истиқлолияти Шотландия буданд.