spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Пешниҳоди ба Сурия фиристодани низомиёни Қазоқистону Қирғизистон

Раиси Кумитаи мудофиаи Думаи давлатӣ Владимир Шаманов ба хабаргузории РИА Новости изҳор намудааст, ки Русия бо Қазоқистону Қирғизистон ҷиҳати эҳтимоли ба минтақаҳои нисбатан амнтари Сурия фиристодани хизматчиёни ҳарбии ин кишварҳо гуфтушунид дорад.

Хабаргузории «Медуза» менависад, қаблан намояндаи президенти Туркия Иброҳим Калин гуфтааст, Русия пешниҳод кардааст, ки низомиёни Қирғизистон ва Қазоқистон ба минтақаҳои нисбатан амнтари Сурия фиристода шаванд.

«Алҳол ба қарори ниҳоӣ нарасида, масъалаи иштироки намояндагони пулис ҳарбии Русия дар таъмини тартибот дар Сурия ва ҳамчунин масъалаи пешниҳоди иштироки ҳамтоҳои мо аз Қазоқистону Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор дорад», – иброз доштааст Шаманов.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Боздошти амали созишномаи ҳамкории Русия ва ИМА дар фазои Сурия

Намояндагони расмии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ва Ситоди кулли ин кишвар ин маълумотро ба «Интерфакс» тасдиқ накардаанд. Як манбаъ аз сохторҳои қудратии ин кишвар изҳор намудааст, ки дар ин хусус гуфтушунид ҷараён дорад, вале «то охири маъракаи интихоботи президентӣ (моҳи октябри соли 2017), ба гумон аст, ки чунин қарор қабул шавад».

Қобили зикр аст, ки аз тирамоҳи соли 2015 Русия дар Сурия амалиёти низомӣ гузаронида, ҳадафи аслии он дастгирии артиши президенти ин кишвар Башор Асад дар мубориза бо террористон унвон мешавад. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...