Ҳусейн Фаридун, ёвар ва бародари хурдии Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Эрон бо гумони даст доштан дар ҷиноятҳои иқтисодӣ боздошт шуд. Дар ин бора 16 июл қувваи қазоияи Эрон хабар дод,а аммо ҷузъиёти парвандаро ошкор накардааст.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Ғуломҳусайн Муҳсини Эжаӣ, сухангӯи қувваи қазоияи Эрон дар як нишасти хабарӣ рӯзи якшанбе гуфтааст, ки “зидди Ҳусейн Фаридун ва шариконаш дар доираи чанд парванда тафтишот анҷом шуда, бархеи онҳо феълан дар боздоштгоҳанд”.
Ҳусейн Фаридун ёвари Ҳасан Руҳонӣ низ буд. Насаби президенти Эрон пештар Фаридун буд, вале баъдан онро ба Руҳонӣ иваз кард. Сиёсатмадорони муҳофизакори Эрон муддатҳост, бародари Руҳониро дар содир кардани ҷиноятҳои молӣ ва фасодкорӣ айбдор мекунанд.
Моҳи январи соли равон як гурӯҳи вакилони порлумони Эрон хостанд, ки Фаридун барои анҷоми ҷиноятҳои иқтисодӣ ба додгоҳ кашида шавад. Вале мунаққидон гуфтанд, ки ин дархост ангезаи сиёсӣ дорад.