Палатаи савдо ва саноати Афғонистон изҳор доштааст, ки 18 тонна харбузаи аз ин кишвар ба Русия фиристодашуда дар Тоҷикистон пӯсидааст.
Бино ба иттилои «Афганистан.ру», маҳсулоти полезӣ аз музофоти Кундуз тариқи Тоҷикистон ба Русия фиристода шуда, бинобар сабаби мавҷуд набудани иҷозатнома барои убури сарҳад, 6 рӯз дар ин кишвар боздошта шудааст.
Масъуд Ваҳдат, роҳбари департаменти содироти Палатаи савдо ва саноати Афғонистон дар Кундуз изҳор доштааст, ки шояд ин боздошт ба он марбут бошад, ки Тоҷикистон худаш низ ба Русия маҳсулоти полезӣ содирот мекунад.
Сухангӯи Палата Сайём Месарлай гуфтааст, ҳукумати Афғонистон дар ин самт то ҳол ҳеҷ чорае наандешидааст.
Таҳлилгари масоили иқтисодӣ Ҳошим Расулӣ низ таъкид доштааст, ки ҳукумати Афғонистон аз манфиатҳои содироткунандагон ҳимоя накарда, дар ҳодисаи ба ин монанд ҳангоми содироти мева ба Ҳиндустон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат муроҷиат накардааст.
Қобили зикр аст, ки нисбат ба Афғонистон нархи маҳсулоти полезӣ дар Русия бамаротиб баланд аст ва тоҷирони Кундуз ба содироти сабзавоту меваи тару тоза ба бозорҳои ин кишвар зиёд манфиатдоранд.