Дар вилояти Сичуани Чин воқеъ дар маркази ин кишвар заминаларзаи иқтидораш 6,5 балл рух дода, тибқи маълумоти ҳукуматдорони маҳаллӣ бар асари он дастикам 13 нафар ҳалок ва беш аз 60 нафар осеб дидаанд.
Бино ба маълумоти Франс Пресс, комиссияи миллии Чин оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ огаҳ кардааст, ки қурбонии беш аз 100 нафар ва тахриби зиёда аз 130 ҳазор манзилҳо дар ин заминларза аз эҳтимол дур нест.
Хабаргузории Ассошиэйтед пресс бо истинод ба як мансабдори маҳаллӣ хабар медиҳад, ки панҷ тан аз ҳалокшудагон сайёҳони хориҷӣ будаанд.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дар бораи ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон миёни осебдидагон алҳол маълумот дастрас нест.
Қобили зикр аст, ки Сичуан яке аз вилоятҳои аҳолиаш сершумор маҳсуб ёфта, ҳодисаҳои заминларза дар ин ҷо тез-тез рух медиҳанд. Бар асари заминларзаи соли 2008 дар ин минтақа беш аз 70 ҳазор нафар ба ҳалокат расида буданд.