Ҷасади сафири Русияро дар Судон аз қароргоҳаш пайдо шудааст.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, манбаи телевизиони ал-Арабия гуфтааст, ҷасади сафири Русия дар Судон Мирғиёс Ширинскийро дар қароргоҳаш аз дохили ҳавзи шиноварӣ пайдо кардаанд.
Гуфта мешавад, хабари пайдо шудани ҷасади Ширинскийро дар Вазорати умури хориҷии Русия низ тасдиқ карданд, вале сабабҳои марги ӯро шарҳ надоданд.
Манбаи хабаргузории Reuters дар пулиси Судон хабар додааст, ки вақтҳои охир саломатии Ширинский хуб набуд ва ӯ аз дарди қалб ранҷ мебурдааст.
Мирғиёс Ширинский давоми солҳои 1991-1993 – ба ҳайси мушовир-фиристодаи сафорати Русия дар Яман; солҳои 1993-1996 – консули генералии Русия дар Ҷидда ва солҳои 2006-2013 – сафири Русия дар Руанда кор кардааст. Моҳи декабри соли 2013 сафири Русия дар Судон таъин шуда буд.