Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган изҳор доштааст, ки бо Русия дар бораи таҳвили низоми дифои мушакии С-400 «Триумф» ба артиши кишвараш қарордод ба имзо расид.
Бино ба маълумоти «Коммерсант», дар созишнома Русия уҳдадор мешавад, ки артиши Туркияро бо чор дивизиони чунин низоми мушакӣ ба маблағи умумии беш аз 2 млрд. доллар таъмин намояд. Бинобар сабаби ҳалношуда боқӣ мондани баъзе масъалаҳо, баргузории гуфтушунидҳои иловагӣ низ аз эҳтимол дур нест.
Гуфта мешавад, дар сурати муваффақона анҷом пазируфтани гуфтушунидҳо, Туркия сеюм кишваре (баъди Русия ва Чин) хоҳад шуд, ки бо низоми мушакии С-400 таъмин мегардад. Ғайр аз ин, Туркия аввалин давлате байни аъзои НАТО мешавад, ки бо Русия чунин қарордоди бузургҳаҷми силоҳӣ мебандад.
Имзои қарордодро ёвари президенти Русия оид ба ҳамкории низомӣ-техникӣ Владимир Кожин ба хабаргузории ТАСС тасдиқ намуда, дар Хадамоти федералии ҳамкории низомӣ-техникӣ изҳор доштаанд, ки Русия ба амалисозии қарордод омода аст.