Бар асари заминларза дар Мексика беш аз 200 нафар ҳалок шуда, доир ба соат ба соат афзудани шумори осебдидагон маълумот мерасад. Дар ин бора шабакаи телевизионии Milenio бо истинод ба хабаргузори ТАСС иттилоъ медиҳад.
Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, бино ба гузоришҳо, шуморе аз биноҳо дар пойтахти сераҳолии Мексика фурӯ рехтаанд ва имдодгарон, пулис, сарбозони артиш ва довталабон дар ҳоли ҳозир ба осебдидагон кӯмак мерасонанд. Маркази заминларза 7,1-дараҷаӣ дар 120-километрии Мексика сити, пойтахти Мексика будааст.
Гуфта мешавад, раиси ҷумҳури Мексика қаблан гуфта буд, ҳадди ақал 28 бино дар пойтахт фурӯ рехтааст. Аммо чанд соат баъдтар шаҳрдори Мексика сити шумораи биноҳои фурӯрехта ё шадидан осебидидаро ба маротиб бештар гуфт. Барқи наздик ба 4 миллион муштарӣ қатъ шуда ва шумораи зиёде аз аҳолӣ бе газу об мондаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар миёни биноҳое, ки дар Мексика сити шадидан осеб дидаанд, як маҷмааи истиқоматӣ, як корхона, як супермаркет ва як мактаб ба чашм мехӯранд. Пойтахти Мексика яке аз пуриздиҳомтарин шаҳрҳои ҷаҳон аст. Дар ин шаҳр ва минтақаҳои атрофи он ҳудуди 20 миллион нафар зиндагӣ мекунанд.