Пулиси шаҳри Вашингтон як шаҳрванди Қирғизистонро боздошт кардааст, ки бо танга номи худро дар пояи ҳайкали Линколн дар пойтахти ИМА навиштааст.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба огаҳии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, додгоҳ ҳаҷми хисоротро 2 ҳазор доллар муайян кардааст.
Гуфта мешавад, ин шаҳрванди Қирғизистон 18 сентябр боздошт ва зидди ӯ барои анҷоми амалҳои харобкорӣ парванда боз шудааст. Иттилои сафорати Қирғизистонро дар ин бора пулиси Вашингтон низ тасдиқ кардааст.
Боздоштшуда 19 сентябр ба шарти ҳозир шудан дар додгоҳ озод карда шудааст. Қарор аст, мурофиаи мазкур ибтидои моҳи октябр баргузор шавад. Шаҳрванди Қирғизистон дар суҳбат бо кормандони консулгарӣ гуноҳро ба гардан гирифта, изҳори пушаймонӣ намудааст.
Бино ба иттилои нашрияи nydailynews, ба ин шаҳрванди 21-солаи Қирғизистон аз 10 соли зиндон то ҷарима дар ҳаҷми 25 ҳазор доллар таҳдид мекунад.