Дар Думаи давлатии Русия пешниҳод шудааст, то тамоми расонаҳои хориҷие, ки дар ин кишвар фаъолият мекунанд, ҳамчун "агенти хориҷӣ" ба қайд гирифта шаванд.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, муовини раиси палатаи поёнии порлумони Русия Петр Толстой гуфтааст, тибқи лоиҳаи қонуни нави кишвар дар бораи ВАО, акнун расонаҳое, ки дар кишвари хориҷӣ сабти ном шудаанд, ё аз хориҷ ва ё ба воситаи ширкатҳои русиву бо иштироки хориҷиён сармоягузорӣ мешаванд, ҳамчун агенти хориҷӣ ба қайд гирифта хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, расонаҳое, ки ҳамчун агенти хориҷӣ қайд шудаанд, бояд тибқи талаботи қонун дар бораи созмонҳои ғайритиҷории Русия маҳсулоти худро тамғагузорӣ кунанд.
Толстой изҳор доштааст, ки ҳар расонае, ки аз қайди худ ҳамчун агенти хориҷӣ худдорӣ мекунад, имкони фаъолият дар Русияро аз даст хоҳад дод.
Ба иттилои хабаргузории "Интерфакс" дар Шӯрои ҳуқуқи инсони Русия тағйиру иловаҳоро ба қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ посухи аз ҳад зиёд сахт дар "низоми ҷанги сард" номидаанд.
Ин тағйиру иловаҳоро эҳтимол аст, Думаи давлатии Русия 15 ноябр ба тасвиб расонад. Онҳоро кумитаи сиёсати иттилоотии ин кишвар қабул кардааст.
Мақомоти Русия мегӯянд, ин иқдоми онҳо посух ба амали ҳамтоёни амрикоияшон аст, ки мехоҳанд, телевизиони русии RT-ро ҳамчун агенти хориҷӣ ба қайд гиранд.
Дар Департаменти давлатии ИМА гуфтанд, ки қонуни Амрико дар бораи агентҳои хориҷӣ аз гузинаи русӣ ба куллӣ фарқ дошта, ба ҳеч ваҷҳ озодии матбуотро маҳдуд намекунад.