Роберт Мугабе баъд аз 37 соли президентиаш дар Зимбабве истеъфо дод, то, ба қавли худаш, “интиқоли нарми қудрат” дар кишварашро таъмин кунад.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, шоми 21 ноябр раиси парлумони Зимбабве номаи Роберт Мугаберо ба аъзои маҷлис қироат кард, ки матнаш чунин буд: “Ман, Роберт Габриэл Мугабе, мувофиқ бо банди 96-уми Конститутсияи Зимбабве дар ҳамин ҷо номаи истеъфои худро таслим мекунам, ки аз ҳамин лаҳза эътибор пайдо мекунад”.
Аъзои порлумони Зимбабве аз ин тасмими Мугабе бо рақсу шодӣ истиқбол карданд. Сокинони пойтахти Зимбабве низ дар хиёбонҳои шаҳри Ҳараре бо садоҳои баланду сигналҳои тӯлониии мошинҳо истиқбол аз ин хабар хушҳолӣ карданд.
Мугаберо кӯҳансолтарин раҳбари кишвар меноманд, ки тӯлонитарин мӯҳлатро дар сари қудрат сипарӣ кардааст. Мугабе аз соли 1980 дар паи ба даст овардани истиқлолияти Зимбабве аз Бритониёи Кабир раҳбари ин кишвари африқоиро ба ӯҳда дошт. Мунаққидон ва тарафдорони импичмент Мугаберо дар ғасби қудрат ба фоидаи ҳамсараш ва ҳам нотавонии раҳбарии давлат бино ба солхӯрдагӣ айбдор мекарданд.
Ҳафтаи гузашта бо талаби истеъфои Роберт Мугабе низомиёни Зимбабве назорати кишварро ба даст оварда, аз барканории Эммерсон Мнангагва аз мақоми муовини президент ба фоидаи ҳамсари президент Грейс Мугабе эътироз карданд.
Мугабе инчунин барои он муттаҳам мешавад, ки ба ҳамсараш иҷоза дод ба Мнангагваи тоза барканоршуда ва дигар мақомот таҳдиди марг кунад. Грейс Мугабеи 53-сола мехост баъди ҳамсараш раҳбарии ин кишварро ба ӯҳда гирад, вале дар паи таҳаввулоти ахир аз қасри президентӣ фирор кард.