Дар вокуниш ба партоби навбатии мушаки болдори байниқитъавии Кореяи Шимолӣ президенти ИМА Доналд Трамп гуфтааст, ки «бо ин вазъ машғул хоҳем шуд».
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба манобеи низомии Кореяи Ҷанубӣ, Пхенян озмоиши навбатии мушакӣ анҷом додааст.
Мақомоти Сеул гуфтаанд, мушаки Кореяи Шимолӣ ҳанӯз дар осмон буд, ки онҳо бо партоби озмоишии мушаки худ ба он посух доданд.
Вазорати дифои ИМА партоби мушак аз Кореяи Шимолиро ба қайд гирифтааст. Ин мушак ҳудуди ҳазор километр парвоз карда, дар баҳри Ҷопон афтидааст.
Манобеи дигар гуфтаанд, ки парвози мушак ҳудуди 50 дақиқа давом кард. Телевизиони CNN гуфтааст, ин бори панҷум аст, мушаки Пхенян дар соли 2017 ба минтақаи озоди иқтисодии Ҷопон "меафтад".
Низомиёни ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ иттилои марбут ба озмоиши навро таҳлил доранд. Бино ба хабарҳо аз ҷазираи Гуам, мушаки Кореяи Шимолӣ, ки дар ғарби уқёнуси Ором суқут кард ва ба ин минтақаи Амрико "таҳдиди бевосита"-е надошт.