Дар шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА маросими 75-уми супоридани ҷоизаи "Кураи тиллоӣ" – яке аз мукофотҳои олии ҷаҳон дар соҳаи синамо ва телевизион баргузор шуд.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, филми "Се лавҳаи таблиғотӣ берун аз Эббинг, Миссурӣ"-и Мартин Макдонах беҳтарин драма дониста шуд. Ин филм ҳамчунин дар бахши беҳтарин филмнома, беҳтарин нақши занона ва мардонаи дараҷаи дувум соҳиби "Кураи тиллоӣ" гашт. Он дар бораи модари танҳоест, ки аз пулис мехоҳад, куштори духтарашро таҳқиқ кунад.
Гэри Олдмен барои бозидани нақши Уинстон Черчилл дар филми "Даврони торикӣ" беҳтарин ҳунарманди драмавӣ ва Гилермо дел Торо барои филми "Шакли об"-аш беҳтарин коргардон эълом шуданд.
"Кураи тиллоӣ"-ро дар бахши "беҳтарин филми драмавии бисёрсериягӣ" филми "Нақли хидматгор" соҳиб шуд. Ба бозигари нақши асосии он Элизабет Мосс унвони "Беҳтарин ҳунарманди филми бисёрсериягии драмавӣ"-ро доданд.
Дар бахши "Беҳтарин филм бо забони хориҷӣ" филми "Дар доира"-и истеҳсоли Фаронса ва Олмон баранда эълом гашт. Филми Андрей Звягинтсев – "Дӯст надоштан", ки дар ин бахш пешниҳод шуда буд, ҷоиза ба даст наовард.
Бештари бонувони ҳунарманди амрикоӣ гуфтанд, ки дар эътироз ба озору азияти ҷинсӣ дар саноати филм ва ҳамраъйии қурбониёни он бо либоси сиёҳ ба маросими 75-уми супоридани ҷоизаи "Кураи тиллоӣ" хоҳанд омад.