Мақомоти Арабистони Саудӣ додани раводид (виза)-ро ба занҳои аз 25-сола боло, ки бидуни раҳбаладии мардҳо ба ин кишвар меоянд, оғоз мекунанд.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба нашрияи "ArabNews", интизор меравад, иҷрои қоидаи нав дар семоҳаи аввали соли 2018 шурӯъ шавад. Раводиди якдафъа ба муддати як моҳ пешниҳод мешавад. Қаблан занҳои ҷавон ҳақ надоштанд бе раҳбаладии шавҳар ё бародар ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд.
Гуфта мешавад, комисияи сайёҳии Арабистони Саудӣ мегӯяд, мақомот қоидаи навро ба хотири боло бурдани ҷаззобияти кишвар дар байни ҷаҳонгардон ҷорӣ мекунанд.
Чанд моҳ боз дар Арабистони Саудӣ бо ибтикори шоҳзодаи валиаҳд Муҳаммад ибни Салмон ислоҳот ҷараён дорад. Моҳи октябр занҳо аз ҳаққи ронандагӣ ва гаштугузор дар маконҳои ҷамъиятӣ бархӯрдор шуданд. Баргузории намоишҳои консертӣ ва тафреҳӣ дар кишвар низ имконпазир шуд. Авохири соли гузашта хабар расид, ки баъд аз танаффуси 35-сола дари кинотеатрҳо ба рӯи тамошобинон боз мешавад.
Мақомоти Саудӣ мехоҳанд бо истифода аз бартариҳои дигари иқтисодӣ вобастагии кишварро ба нафт коҳиш диҳанд.