Дар пайи тирандозӣ дар як мактаб дар ҷануби иёлати Флоридаи Амрико ҳадди ақал 17 нафар кушта шудаанд.
Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, мақомҳои амрикоӣ аз боздошти ҳамлавари 19-сола, талабаи собиқи ҳамин мактаб хабар додаанд.
Гуфта мешавад, мақомоти пулис изҳор дотаанд, ки ҷасадҳои бархе аз кушташудаҳо ба бемористон интиқол ёфта, тибқи гузоришҳо ҳудуди 20 тани дигар захмӣ шудаанд.
Николас Круз, фарде, ки ба талабаҳои мактаб ҳамла кардааст, қаблан "ба сабабҳои интизомӣ" аз мактабе, ки ба он ҳамла кардааст, ихроҷ шуда буд. Бинобар гузоришҳо, ӯ чанд соат пас аз тирандозӣ, бидуни муқовимат худро ба пулис таслим кардааст.
Скотт Израэл, раиси пулиси Брауард гуфтааст, ҳамлавар ҳадди ақал як мил силоҳи AR-15 ва чанд тирдон бо худ доштааст. AR-15 силоҳи автоматӣ ва сабук аст. Дар Амрико фурӯши он бар асоси қонунҳо ба шаҳрвандони ғайринизомӣ иҷозат дода шудааст.
Доналд Трамп, президенти Амрико дар паёме дар "Твиттер"-и худ ба наздикон ва осебдидагон ибрози ҳамдардӣ карда ва гуфтааст, "ҳеҷ кӯдак, омӯзгор ва ҳеҷ фарди дигаре набояд дар мактабҳои Амрико эҳсоси ноамнӣ кунад."