Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш иқрор кард, ки Шӯрои амнияти созмон дар шакли кунунияш наметавонад низои Сурияро ҳал кунад. "Ҷанги сард дубора баргаштааст", – гуфтааст ӯ дар суҳбат бо телевизиони SVT.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба назари ӯ, вазъи кунунӣ назар ба вазъи пешин аз чанд ҷиҳат фарқ мекунад. Он замон низоъ танҳо миёни ИМА ва Иттиҳоди Шӯравӣ буд, вале ҳоло сухан аз манфиатҳои чанд ҷониб меравад.
Дабири кулли СММ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, дар баробари ИМА ва Русия Туркия, Эрон ва Арабистони Саудӣ низ аз ҳодисаҳои Ховари Миёна манфиатдоранд. Ҳоло бозигарони калидӣ наметавонанд чун дар гузашта тамоми иштирокдорони низоъро идора кунанд.
Дар Сурия артишҳои гуногун ҳузур доранд ва бархурди манфиатҳои мухталиф сурат мегирад. Аз як тараф сунниҳо бо шиамазҳабон меҷанганд ва аз тарафи дигар тамоми ҷонибҳо наметавонанд ба созиш бирасанд. "Бинобар ин, агар бовар дошта бошем, ки СММ метавонад ин ҳама мушкилотро ҳал кунад, бисёр содалавҳона аст", – илова кардааст Гуттериш.
Аз ин рӯ, ба гуфтаи дабири кулли СММ, дар Шӯрои амнияти созмон бояд ислоҳот гузаронида шавад. Зеро ҳоло аъзои шӯро аз ҳаққи ветои худ бисёр истифода мекунанд.
ИМА, Бритониё, Фаронса 14 апрел дар посух ба як ҳамлаи кимиёӣ дар шаҳри Думо баъзе аз ниҳодҳои Сурияро мушакборон карданд. Москва ва Димишқ исрор доранд, ки дар Думо ҳамлаи кимиёӣ нашудааст.
Аъзои Шӯрои амнияти СММ низ натавонистанд, сари қатъномаи таҳқиқи қазия ба созиш расанд. Ахиран қатъномаи Русия низ рад шуд, ки пешниҳод карда буд, зарбаҳои ИМА ва ҳампаймононаш ба Сурия маҳкум карда шавад.