Бар асари худро мавриди таркиш қарор додани як маргталаб дар маркази сабти интихобкунандагон дар Кобул дастикам 57 нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳанд ҳукуматдорони Афғонистон.
Тибқи маълумоти охир, бар асари таркиш миёни изиҳом, ки назди даромадгоҳ интизорӣ доштанд, 119 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Тибқи маълумоти васоити ахбори умуми маҳаллӣ, миёни ҳалокшудагон 21 нафар занон ва 5 нафар кӯдакон ҳузур доштаанд, иттилоъ медиҳад ВВС.
Масъулияти ҳамларо гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» ба дӯш гирифтааст, ки фаъолияташ дар бисёр кишварҳо манъ аст.
Ҳамин моҳ дар Афғонистон сабти раъйдиҳандагон барои иштирок дар интихобот оғоз гардида, то ин дам ба марказҳои бақайдгирӣ чор ҳамла сурат гирифт. Баъди интихобот ба мақомоти қонунгузории ҳокимият соли 2019 маъракаи интихоботи президентӣ доир мегардад.
Тибқи арзёбии ВВС, ҳукумати Афғонистон ҳамагӣ 30 фоизи қаламрави кишварро пурра зери назорат дошта, қаламрави боқимонда зери хатари ҳамлаҳои «Толибон» ва «Давлати исломӣ» қарор дорад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.