Президенти Белорус Александр Лукашенко дар шарҳи “инқилоби махмалии Арманистон” гуфт, ки “ана ҳамин тавр, моро якто-якто аз байн мебаранд”.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Лукашенко нагуфтааст, ки дақиқан киро дар назар дорад, аммо аз суханрониаш дар Русия ёдовар шудааст.
“Ба ҷойи инки якҷо шуда, масъалаҳоро ҳал кунем, аз гиребони якдигар мегирем ва ба рӯи якдигар мушт мекашем”, – гуфтааст ӯ дар паёми солонааш ба порлумон ва шаҳрвандони Белорус.
Серж Саргсян, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш сарвазири Арманистон интихоб шуда буд, аз мақомаш истеъфо дод. Эътирозҳо бо талаби истеъфои ӯ 11 рӯз буд, ки дар Арманистон идома доштанд. Вай эътироф кард, ки ӯ ба иштибоҳ роҳ дод ва лидери мухолифин ҳақ буд.
“Ҳолати феълӣ чанд роҳи ҳал дорад, аммо ман ба ҳеҷ яки ин роҳҳо намеравам. Ин шеваи ман нест. Ман аз мақоми раҳбари ҳукумати Арманистон канор меравам”, – гуфт Серж Саргсян.
Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш бо назардошти шеваи мусолиҳатомези таҳаввулоти Арманистон аз тарафҳо даъват кард, ки ба қонун эҳтиром гузоранд ва муколамаро ба роҳ монанд.
Серж Саргсян 10 сол раҳбари Арманистон буд. Александр Лукашенко зимоми қудратро дар Белорус аз соли 1994 дар даст дорад. Владимир Путин 18 сол боз раҳбари Русия аст.