Интихоботи сарвазири нави Арманистон қарор аст, 8 май баргузор шавад. Дар ин бора раиси порлумони Арманистон Ара Баблоян нимаи рӯзи чаҳоршанбе ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, номи номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми сарвазирӣ гуфта намешавад. Ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳи Арманистон мегӯяд, аз номзаде пуштибонӣ хоҳад кард, ки ба камияш ӯро сеяки вакилон ҷонибдорӣ кунанд.
Ҷаласаи вижаи порлумони Арманистон барои интихоби сарвазир, ки қарор буд, рӯзи чоршанбе баргузор шавад, ба далели эътирозҳо барпо нагашт. Бино ба хабарҳо, бештари вакилон натавонистанд вориди бинои порлумон шаванд ва мухолифон низ ҷаласаро таҳрим карданд.
Бештари вакилони порлумони Арманистон 1 май зидди номзадии раҳбари мухолифон Никол Пашинян ба мақоми сарвазирӣ раъй доданд. Дар натиҷа Пашинян ҷонибдоронашро ба аз саргирии эътирозҳо даъват кард. Дар Ереван тамоми шоҳроҳу роҳи оҳан ва вуруд ба як қатор биноҳои ҳукуматӣ баста шуданд.
Пашинян аз ҷонибдоронаш хост, ки даст ба хушунат назананд ва дар доираи қонун амал кунанд.