Владимир Путин, ки бори чаҳорум президенти Русия интихоб гашт, савганд ёд карда, расман корро шуруъ кард.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, маросими савгандёдкунии Путин рӯзи 7 май дар Қасри бузурги Кремл баргузор шуд.
"Русия бояд замонавӣ ва ҳамеша дар ҳаракат бошад. Бояд ба ҳамаи таҳдиду хатарҳои замон ва посухи ҷиддӣ додан ба онҳо омода бошад, то тавонад раҳбарии худро дар бахшҳое, ки ба таври анъанавӣ нирӯмандем, густариш диҳад", – гуфт Путин ҳангоми савгандёдкуниаш.
"Сахт бовар дорам, ки ин гуна ҷаҳиш танҳо ҷомеаи озодеро таъмин хоҳад кард, ки тамоми навгонӣ ва пешоҳангиро пазируфта, аз таассубгароӣ, ноадолатӣ, беҳаракатии бюрократӣ ва ҳамаи чизҳое, ки боиси ақибмондагии мардум мешаванд, дур хоҳад сохт", – изҳор дошт сарвари давлати Русия.
Дар маросими мазкур панҷ ҳазор одам, аз ҷумла намояндагони мақомоти иҷроия, қонунгузорӣ, додгоҳӣ ва дипломатҳои хориҷӣ ҳузур доштанд. Ҳамчунин бори нахуст дар он ихтиёриёне иштирок карданд, ки дар ситоди интихоботии Путин фаъолият доштанд.