spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Пешниҳоди пайи ҳам се навбат муҳлати президентии Русия

Парлумони Чеченистон омода аст, ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро пешниҳод кунад. Ахиран ин масъала дар Шӯрои парлумони Чеченистон баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин лоиҳа пешниҳод шудааст, ки як шаҳрванд ҳаққи се давра пайи ҳам президенти Русия интихоб шуданро дошта бошад.

Гуфта мешавад, моҳи апрели соли ҷорӣ Рамзан Қодиров, роҳбари Чеченистон гуфт, барои Русия ҷойгузине ҷуз Владимир Путин вуҷуд надорад. Қодиров гуфт, набояд муҳлати сари қудрат мондани Путин маҳдуд шавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Путин бори чорум сарварии давлати Русияро ба дӯш гирифт

"Қонунро кӣ эҷод кардааст? Конститутсияро кӣ? Мардум! Агар ба нафъи мардум бошад, чаро мо тағйирот ворид карда наметавонем? Ман аз номи худам мегӯям: мо ҳатто набояд иҷозати Путинро пурсем! Мардум, Шӯрои Федератсия, Думаи давлатӣ, дигар ниҳодҳои давлатӣ бояд ташаббус нишон диҳанд ва чунин қароре қабул кунанд", – гуфт Қодиров.

Владимир Путин аз соли 2000 ба ин тараф дар курсии роҳбарии Русия нишастааст. Бори аввал вай моҳи майи соли 2000-ум президент интихоб шуд ва ду давра – то соли 2008 президентӣ кард. Аз соли 2008 то 2012 сарвазир буд ва аз 2012 то имрӯз дар курсии президентӣ нишастааст.

Дар аҳди Путин ба қонунҳо тағйироте ворид шуд, ки бар асоси он як шаҳрванд ҳақ пайдо кард, то ду давраи 6-сола сари қудрат бошад. 7 майи соли ҷорӣ Путин бори чаҳорум ба ҳайси президенти Русия савганд ёд кард. Вай то соли 2024 сари қудрат хоҳад буд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...