Вакилони парлумони Эрон дар робита ба изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп доир ба хориҷ шудани ин кишвар аз созиши атомӣ, парчами ИМА-ро намоишкорона оташ заданд.
Дар шабакаи Интернет сабти видеои оташзании парчами ИМА аз ҷониби вакилони парлумони Эрон ба нишони эътироз аз изҳороти Трамп нашр шуд. Вақте ки яке аз вакилон ба оташзании парчам машғул буд, дигарон шиорҳои зиддиамрикоӣ мегуфтанд.
Ғайр аз ин, ҳамроҳ бо рамзи давлатии ИМА нусхаи санади шартнома дар бораи созиши ядроӣ низ сӯзонида шуд.
Бино ба маълумоти РБК, президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 8 май эълом дошт, ки кишвараш аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шуда, эҳтимол таҳримҳои бекоршудаи пешина дар чорчӯби ин созишро дубора ҷорӣ намояд.
Созишномаи зикршуда соли 2015 байни Эрон ва шаш кишвари абарқудрати ҷаҳон – ИМА, Бритониёи Кабир, Олмон, Чин, Русия ва Фаронса ба тасвиб расида, дар он ба ивази камшавии амалисозии барномаи ҳастаии Эрон, бекор шудани таҳримҳо зидди ин кишвар пешбинӣ шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.