Ҳунарманди қазоқ Самал Еслямова, ки дар филми "Айка"-и Сергей Двортсев нақши асосиро бозидааст, ҷоизаи бахши "Беҳтарин нақши зан"-и ҷашнвораи синамои Каннро соҳиб шуд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, маросими пӯшидашавии 71-умин ҷашнвораи синамои Канн шаби 19 май дар Фаронса баргузор шуда, дар он барандаҳои асосии озмун эълом шуданд.
Самал Еслямова, зодаи Петропавловск буда, Донишкадаи ҳунарҳои театрии Русияро хатм кардааст ва ҳоло дар шаҳри Москва зиндагӣ мекунад. Ӯ пештар дар филми "Лола"-и Двортсев низ, ки соҳиби чанд ҷоизаи байналмилалист, нақш офаридааст.
Филми "Айка" дар бораи муҳоҷири қирғизистоние нақл мекунад, ки дар Москва фарзанд ба дунё меорад ва ӯро дар таваллудхона мегузорад. Дар филм азоби ботинӣ ва эҳсоси модарӣ ба тасвир кашида шудааст.
Дар эҷоди ин филм панҷ ширкат аз чаҳор кишвар – Русия, Олмон, Лаҳистон ва Қазоқистон саҳм доранд. Аммо ин филм аз номи Қазоқистон вориди ҷашнвора шудааст. Худи Сергей Двортсев зодаи шаҳри Чимкенти Қазоқистон буда, чанд сол дар ин кишвар зиндагӣ кардааст. Баъдан, соли 1990 ба Москва кӯчид.