Додгоҳи Шветсия Раҳмат Оқилов, шаҳрванди Ӯзбекистонро барои куштори панҷ одам ва маҷруҳ кардани 10 тани дигар ба ҳабси абад маҳкум кард.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, моҳи апрели соли 2017 Оқилов бо мошини борбар дар маркази Стокголм пиёдагардонро пахш кард.
Зикр мегардад, ки додгоҳи Шветсия гуфтааст, Оқилов "дар анҷом додани ҳамлаи террористӣ" айбдор дониста шуд.
Раҳмат Оқилов дар рӯзи ҳамла боздошт шуд ва эътироф кард, ки пушти фармони мошин вай нишаста буд. Вай дар ҷараёни баҳсҳои додгоҳӣ гуфт, ки мехост бо ин роҳ Шветсияро барои муборизааш зидди гуруҳи "Давлати исломӣ" ҷазо диҳад.
Оқилов шаҳрванди Ӯзбекистон аст. Вай ба Шветсия рафта, дархости паноҳандагӣ карда буд. Аммо мақомоти Шветсия дархости ӯро соли 2016 рад карданд. Як таҳқиқоти муштараки рӯзноманигорон ошкор кард, ки Оқилов бо ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" робитаи мустақим доштааст.