Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ҳамтои ӯзбеки худ Шавкат Мирзиёевро бо 27-умин солгарди истиқлоли давлатии Ӯзбекистон табрику таҳният гуфт.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Макрон ҳамчунин гуфтааст, сафари қарибулвуқуи Мирзиёевро барои баррасии тақвияти муносибатҳои ду кишвар дар Париж мунтазир хоҳад буд.
"Аз наздикшавии мудаввоми Фаронсаву Ӯзбекистон, ки аслан, солҳост, бо ҳам шариканд, истиқбол менамоям. Дар баробари афзоиши табодули мол ва густариши ҳамкории стратегӣ миёни ду кишвар, умедворем, дар соли равон муколамаи сиёсии мо боз ҳам тақвият хоҳад ёфт. Мулоқот бо шуморо дар ҷараёни сафари расмиатон ба Париж бо шавқ интизорам", – омадааст дар паёми табрикии президенти Фаронса.
Макрон зикр кардааст, ки сафари Мирзиёев ба Фаронса имконият медиҳад, ки роҳҳои тақвият ва густариши минбаъдаи робитаҳои ду кишвар баррасӣ шаванд.
Ёдрас мешавад, ки охирҳои моҳи август расонаҳои Ӯзбекистон хабар доданд, ки Мирзиёев моҳи октябри соли равон ба Фаронса хоҳад рафт. Барномаи ин сафар дар сатҳи ҳукумат таҳия ва қабул шудааст.
Моҳи июли соли равон дар шаҳри Париж нахустин хонаи савдои Ӯзбекистон дар Фаронса боз шуд. Вазифаи асосии он пешбурди содироти маҳсулоти Ӯзбекистон ба Фаронса ва кишварҳои дигари Аврупо аст. Ҳамчунин Фаронса маҳдудияти фитосанитарии фурӯши харбуза ва анори Ӯзбекистонро бекор кард.