Мақомоти пулиси Ню-Йорк сокинони шаҳрро бо маълумоти хуб хушнуд кард. Мувофиқи маълумоти оморӣ, муддати 25 сол бори нахуст дНю-Йорк ҳафта бе тирпарронӣ сипарӣ шуд, менависад Медуза.
“Ин ҳафта кормандони деаптраменти пулиси Ню-Йорк ягон тир напаррониданд. Чунин натиҷа чанд даҳсола вуҷуд надошт. Ба ҳар як корманди пулис , ки ин шаҳрро ҳимоя мекунанд ва ба ҳар як сокини шаҳр, ки ба мо дар бехатару амнтар гардонидани он кумак мекунанд, миннатдорӣ изҳор менамоям”, – навиштастт дар Twitter сардори мақомоти пулис Родни Харрисон.
Ба гуфтаи ӯ, натанҳо рӯзҳои шанбе ва якшанбе, балки рӯзи ҷумъа ҳам дар шаҳр тирпарронӣ нашудааст, яъне аз рӯзи панҷшанбе ҳангоми тирпарронӣ дар Бруклин то рӯзи душанбе, 15 октябр, ки дар Бронкс марде кушта шуд.
Тавре New York Daily News менависад, ахиран ба ин монанд рӯзҳои орому амн дар бузургтарин шаҳри ИМА соли 1993 ба мушоҳида мерасиданд.
Раиси шаҳр Билл де Блазио ба мақомоти пулис барои ин дастовард миннатдорӣ изҳор намуда, онро барои шаҳри дорои аҳолии зиёда аз 8,6-миллион нафара “боварнокарданӣ” номидааст.
Тавре AFP иттилоъ медиҳад, нимсолаи аввали соли 2018 шумори куштор дар Ню-Йорк дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 8% афзудааст. Ин ҳодисаҳо бештар дар Бруклин ва Бронкс ба вуқӯъ мепайванданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.