Ким Чен Ян – намояндаи Куриёи Ҷанубӣ президенти Интерпол интихоб шуд. Ӯро дар конфронси Дубай ба ин мақом интихоб карданд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, аз номзадии Ким Чен Ян 98 узви Маҷмаи кулли Интерпол ҳимоят карданд. Номзади дувум – намояндаи Русия Александр Прокопчук – ҳамагӣ 64 райъ гирифт.
Гуфта мешавад, ИМА, Украина, Литва, намояндаи мухолифони Русия, инчунин сармоядори бритониёӣ Уилям Браудер, ки аз сӯи мақомоти Русия таъқиб мешавад, зидди номзадии намояндаи ин кишвар эътироз карданд.
Онҳо гуфтанд, Созмони байналхалқии пулиси ҷиноӣ (Интерпол)-ро наметавонад намояндаи кишваре роҳбарӣ кунад, ки ҳуқуқи байналхалқиро риоя намекунад. Рақибони Прокопчук ҳамчунин аз он нигарон буданд, ки Русия метавонад аз мақоми намояндааш барои таъқиби мухолифон истифода барад.
Зимнан зикр мегардад, ки Ким Чен Ян то замони интихоб шуданаш ба ин мақом иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Интерпол буд. Вай баъди истеъфои президенти пешини Интерпол – Мэн Хунвэй ба ин мақом нишаст. Мэн Хунвэй бо гумони фасодкорӣ дар Чин боздошт шуд.