Ҷеймс Мэттис, вазири мудофиаи ИМА ба истеъфо рафт. Аз аризае, ки вай ба президенти Амрико Доналд Трамп фиристодааст, чунин бардошт мешавад, ки сабаби истеъфои Мэттис ихтилофи назараш бо президент будааст.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Мэттис ёдовар шудааст, ки ҷонибдори ҳамкориҳои фаъол бо ҳампаймонҳои ИМА ва инчунин муқобила бо кишварҳое амсоли Русия ва Чин аст, ки ба гуфтаи вазири мудофиаи Амрико, талош доранд, бо дидгоҳҳои авторитариашон назми ҷаҳонро бозсозӣ кунанд. Ба бовари Мэттис, бояд ҳамаи имконоти дар ихтиёри Амрико бударо барои тақвияти муттаҳидон истифода бурд, ки онҳо тавонанд, ба талоши кишварҳои зикршуда мубориза баранд.
"Аз он ҷо ки шумо ҳақ доред, вазире дошта бошед, ки дидгоҳҳояш дар ин масоил ва масъалаҳои дигар бо шумо мувофиқ бошад, ман тасмим гирифтам, ки мақомамро тарк кунам", – навиштааст Мэттис дар аризаи истеъфояш.
Президент Трамп истеъфои Мэттисро қабул карда, дар Твиттер навишт, ки аз фаъолияти вай изҳори сипос мекунад. Трамп ҳамзамон аз пешрафтҳое, ки Пентагон дар давраи вазирии Мэттис доштааст, ёдовар шуд. Президенти ИМА ваъда дод, ки дар фурсатҳои наздик номи вазири навро эълом хоҳад кард.
Рӯзи чаҳоршанбе Трамп эълом дошт, ки давоми ду моҳи оянда нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия берун оварда хоҳанд шуд. Ин иқдом ҳам аз сӯи муттаҳидони ИМА ва ҳам аз сӯи конгресси ин кишвар танқидҳоеро ба бор овард. Гуфта мешавад, Мэттис зидди дар ин марҳила берун овардани артиши ИМА аз Сурия буд.
Дар ҳамин ҳол, хабар мерасад, ки Трамп имконияти берун овардани қисмати зиёди артиши Амрикоро аз Афғонистон баррасӣ мекунад. Ба навиштаи расонаҳои ИМА, дар ин маврид низ қарор қабул шудааст.