Дар шаҳри Лос-Анҷелеси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маросими 76-уми эътои ҷоизаҳои "Глобуси тиллоӣ" баргузор шуд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ҷоизаи беҳтарин филмро "Рим"-и Алфонсо Куаронаи мексикоӣ соҳиб шуд. Куарона ҳамзамон беҳтарин коргардон унвон шуд.
Гуфта мешавад, ҷоизаи "беҳтарин филми драмавӣ"-ро "Бадеҳаи Боҳемия"-и Брайан Сингер соҳиб шуд. Бозигари нақши асосии филми мазкур Рами Малек ҷоизаи беҳтарин нақшофари драмавиро соҳиб гардид.
Филми аниматсионии "Одам-тортанак: даври дунё" ҷоизаи беҳтарин филми аниматсиониро аз худ кард. Дар бахши "беҳтарин силсилафилми драмавӣ" филми "Амрикоиҳо" пирӯз шуд, ки аз рӯзгори гумоштаҳои КГБ нақл мекунад.
Беҳтарин нақшофари зан дар бахши бозигари драмавӣ Гленн Клоуз эътироф гардид.
Майкл Дуглас ҷоизаи беҳтарин нақшофари ҳаҷвиро аз худ кард.
Зикр мегардад, ки "Глобуси тиллоӣ" – ҷоизаи амрикоист, ки аз сӯи Эътилофи расонаҳои хориҷии Ҳолливуд соли 1944 ташкил шудааст. Ҷоиза дар 25 бахш тақдим мешавад.