Дар мавзеи Green Village дар маркази шаҳри Кобул, ки миёни хориҷиён маъруфу писандида аст, рӯзи 14 январ таркиши пуриқтидор рух дод: мошини боркаш ба инфиҷор дучор шуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Фергана” бо истинод ба Tolonews.
Дар ВКД мегӯянд, на камтар аз 90 кас ҷароҳат бардошта, 4 нафар ҳалок шуданд. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, захмишудагон 93 нафаранд, аз ҷумла 24 кӯдак ва 24 нафар занон. Миёни захмигшудагон се нафар хизматчии ҳарбӣ ва як нафар шаҳрванди қаторӣ аст.
Аксарияти захмишудагон сокинони осоишта мебошанд. Манзилҳои гирду атроф низ аз таркиш осеб дидаанд. Дар ин мавзеъ созмонҳои ғайритиҷоратии хориҷӣ ҷойгир буда, бисёр шаҳрвандони хориҷӣ иқомат доранд. Маҷмааи 40 дақиқа роҳи пиёда аз фурудгоҳи Кобул таҳти посбонӣ қарор дошта, миёни тоҷирон ва мутахассисони хориҷӣ маъруфу писандида мебошад.
Намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Афғонистон Наҷиб Дониш дар саҳифааш дар Facebook таркишро амалӣ террористӣ унвон кардааст.
Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.