spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Коршиноси Афғонистон: “Тақдири интихоботи Афғонистон аз натиҷаи музокироти давлат бо Толибон вобаста аст”

Моҳи июни соли 2019 дар Афғонистон баргузории интихоботи президентӣ дар назар аст. 20 январ, охирин рӯзи сабти номзадҳо ба мақоми президентӣ, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, президенти кунунӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси ҳукумати иҷроия худро номзади интихобот намуданд. Ҳамин тавр, муборизаҳои сиёсӣ барои курсии президенти Афғонистон расман оғоз гардид.

Дар ин замина “Asia-Plus” бо Файзуллоҳ Ҷалол, устоди факултаи ҳуқуқ ва улуми сиёсати Донишгоҳи Кобули Афғонистон мусоҳиба анҷом дод.

– Дар интихоботи ахири президентии Афғонистон қудрат байни ду даъвагари аслии курсии раёсати ҷумҳурӣ – Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, бо миёнаравии котиби давлатии онвақтаи Амрико Ҷон Керрӣ, тақсим карда шуд. Пас аз ин, мардуми Афғонистон то кадом андоза ба шаффофияти интихоботҳо бовар мекунанд?

– Ба номи Худои бахшандаву меҳрубон.

Солҳои аввали пас аз аз суқути ҳукумати Толибон мардуми Афғонистон дар интихоботҳо фаъолона иштирок мекарданд ва бовар доштанд, ки раъйи онҳо тақдирсоз аст. Пас аз баргузории чор интихоботи президентӣ ва интихоботҳои парлумонӣ, имрӯз мардуми Афғонистон ба ин натиҷа расиданд, ки ин маъракаи сиёсӣ дар кишвар шаффоф баргузор намешавад. Махсусан, интихоботи ахири президентӣ, ки бо дахолати Амрико ба анҷом расид, бори дигар мардумро муътақид намуд, ки раъйи онҳо ҳалкунанда нест ва тасмими ниҳоӣ ҳангоми натиҷагирӣ аз интихоботҳо аз ҷониби давлатҳои абарқудрат, махсусан Амрико гирифта мешавад. Соли 2014 раиси ҷумҳури Афғонистонро расман Ҷон Керрӣ эълон кард.

Аз ин сабаб, мардуми Афғонистон аз интихоботҳо дилсард шудаанд ва ба шаффофияту тақдирсозии он бовар надоранд.

– Қаблан интихоботи президентӣ дар Афғонистон барои чанд моҳ ба таъхир гузошта шуд ва омили аслии он музокирот бо Толибон тавзеҳ гардид. Ҳадаф ин буд, ки интихобот пас аз ниҳоӣ шудани натиҷаи музокирот бо Толибон баргузор карда шавад. Ҳоло музокирот дар сатҳ ва майдонҳои гуногун идома дорад, аммо ниҳоӣ нашудааст. Дар чунин ҳолат, баргузории интихоботи президентиро то куҷо воқеӣ меҳисобед?

– Музокирот бо Толибон имрӯз воқеан муҳим аст ва ба раванди сиёсии Афғонистон, аз ҷумла интихоботи президентӣ таъсири бевосита мерасонад. Натиҷаи ин музокирот метавонад баргузории интихоботи президентиро лағв созад. Зеро, агар музокирот бо натиҷаи мусбат ба анҷом расад ва Толибон бо давлати Афғонистон мувофиқат ҳосил кунанд, интихоботи президентӣ дар Афғонистон доир нахоҳад шуд. Дар кишвар ҳукумати муваққат ташкил мешавад. Аммо агар музокирот натиҷаи мусбат ба бор наорад ва мувофиқа ҳосил нагардад, интихобот дар санаи муайянгардида доир мешавад.

– Музокироти сулҳ бо Толибон чанд сол аст, ки идома дорад. Эҳтимоли ба мувофиқа расидани ҷонибҳои музокиракунанда чанд дарсад аст?

–  Ростӣ, ман имконияти ба мувофиқа расидани давлати Афғонистон бо Толибонро 50 ба 50 меҳисобам. Яъне ҳоло мушаххас нест, ки мувофиқа ҳосил мегардад ё не. Дар ин замина наметавонам чизе бигӯям. Аммо агар музокирот поён ёбад, боз ҳам мушаххас наметавонам гӯям, ки он мусбат ё манфӣ хоҳад буд.

Аммо як нукта хеле рӯшан аст, ки музокироти Афғонистон бо Толибон мухолифону ҷонибдорони худро дорад. Қудратҳои таъсиргузори ҷаҳон ва минтақа аз зовияи манфиатҳои худ ба ин музокирот назар мекунанд. Амрико, Русия, Чин, Эрон, Покистон, Ҳиндустон ҳама манфиатҳои сиёсии хешро дифоъ мекунанд. Музокирот бо миёнаравии Амрико дар Қатар, бо миёнаравии Русия дар Маскав, бо миёнаравии Чин дар Пекин, дар Эрону Покистону Ӯзбекистон доир мегардад, аммо натиҷа ҳоло рӯшан нест. Дар чунин ҳолат, табиист, ки раванди музокирот тӯл мекашад.

ССЫЛКИ ПО ТЕМЕ
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ОМ, Афғонистон ва Ҳиндустон дар Самарқанд

Аз ҷониби дигар, роҳбарони Толибон низ дар тасмимгириҳояшон мустақил нестанд. Ин ҳаракат аз неруҳои гуногунмиллат, гуногунақида ва гуногунмавқеъ иборат ва фаротар аз як гуруҳ ё ҳаракати ҷангӣ аст. Метавон гуфт, ки дар заминаи музокирот бозиҳои тезу тунди сиёсӣ ва қудратталабӣ нуҳуфтааст. Натиҷаи он аз созиши қудратҳои ҷаҳонӣ бештар вобастагӣ дорад.

– Баргардем ба мавзӯи интихобот. Номзадҳои президентӣ аксаран ҳамонҳое ҳастанд, ки панҷ сол пеш даъвои курсии раёсати ҷумҳурӣ доштанд…

– Ин чеҳраҳо барои мардуми Афғонистон хуб ошноанд. Барои мардум ҳеч кадоме аз ин номзадҳо ҷолиб нестанд. Аввалан, солҳои қабл ин номзадҳоро мардум дар мақомҳои гуногун имтиҳон кардааст. Натиҷа ин шуд, ки имрӯз Афғонистон дар сатҳи ҷаҳон ҳамчун конуни ё маркази тавлиди маводи мухаддир, эҷодкунандаи буҳрон ва бесуботӣ дар минтақа, кишвари фасодзада шинохта гардид.

Баъдан, ҳеч кадоме аз инҳо барномаи мушаххаси рушди миллии Афғонистонро надоранд. Онҳо масоили ҷузъиро баррасӣ мекунанд, ки наҷотбахши давлату миллат ва посухгӯи хостаҳои мо нест.

– Пас чаро чеҳра ё неруҳои ба қавли шумо “миллӣ” аз худ дарак намедиҳанд?

– Бовар кунед, Афғонистон танҳо Ашраф Ғаниву Абдуллоҳ Абдуллоҳ нест. Неруҳои зиёди миллӣ дорад. Пайравони Муҳаммад Тоҳири Бадахшӣ, Мавлавӣ Баҳриддин, гуруҳҳои дигари сиёсиву миллӣ, рӯшанфикрон неруҳои қавии миллӣ ҳастанд. Аз инҳо мешавад як қувваи нерӯманди соҳибнуфуз таъсис дод. Зеро онҳо андешаи миллӣ доранд. Аммо мутассифона, онҳо аз ҷониби қудратҳои таъсиргузори байналмилалӣ ҳимоят намешаванд. Чун ин ба манфиати онҳо нест.

– Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ, ки панҷ сол қабл бо ҳам рақобат доштанду дар ниҳоят пас аз даври дуюми интихобот қудратро бо ҳам тақсим намуданд, боз ҳам номзад шуданд. Эҳтимолияти такрор шудани сенарияи интихоботи соли 2014 вуҷуд дорад?

Дақиқ наметавонам гӯям, ки сенарияи интихоботи соли 2014 такрор мешавад. Аммо агар интихобот баргузор гардад, сад дар сад бовар дорам, ки ин навбат низ он ба даври дуюм мегузарад. Шояд аз қабл мувофиқатҳо ҳосил гардад. Аммо яқин аст, ки раъйи мардум нодида гирифта мешавад.

– Ҷомеаи коршиносии тоҷик ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ҳамчун нафари наздики шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, бештар таваҷҷуҳ дорад. Аз ин сабаб, бо афроди наздик ба Дӯстум вориди корзори интихобот шудани доктор Абдуллоҳ, саволҳоеро дар зеҳни онҳо ба миён овардааст. Ин эътилоф чӣ натиҷа хоҳад дод?

– Воқеан дуруст аст, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳро ҷомеаи сиёсӣ ва коршиносии Тоҷикистон ҳамчун нафари наздики Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ мешиносанд ва то андозае пуштибонӣ ҳам мекунанд. Яъне пуштибонии маънавӣ. Дар ҷомеаи коршиносони тоҷик ин фикр роиҷ аст, ки ӯ ҳимоятгари манфиатҳои тоҷикони Афғонистон аст. Дар ин мавзуъ баҳс карданӣ нестам, аммо тасмими доктор Абдуллоҳ дар мавриди бо намояндаи қавми ӯзбек вориди интихобот шуданро хуб таҳлил бояд намуд. Бешак барои тоҷикони Афғонистон якҷо будан бо ӯзбекон хеле муҳим аст. Тоҷикони Афғонистон бояд бо қавмҳои ӯзбек, туркман, ҳазора, нуристонӣ, балуҷӣ, пашаиҳо ва паштуҳои дорои андешаи миллӣ паҳлӯи ҳам бошад. Аммо, мутаассифона, ин эътилофи қавми тоҷику ӯзбек нест, ин эътилофи чанде аз қудратхоҳону мансабталабон аст.

ССЫЛКИ ПО ТЕМЕ
Дастгирии Душанбе аз ташаббусҳои Тошканд ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон

– Пас аз чанд сол Гулбуддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон номзад ба мақоми президенти Афғонистон шуд. Имконоти ӯ чӣ гуна аст?

– Гулбуддин Ҳикматёр дар ҷомеаи сиёсии Афғонистон ҳарфи худро дорад, ҳарчанд як шахси ифротӣ аст. Албатта, ӯ ҳам ҷонибдорони худро дорад, аммо бархӯрди мардуми кишвар ба ӯ ҳам мисли дигар номзадҳо аст. Ба қавле чеҳраи ошно аст. Ҳикматёр ҳам мисли дигар номзадҳо муҷоҳид буд, ҷангид ва имрӯз баргашт ба Афғонистон.

Номзадҳои кунунӣ аксаран шарҳи ҳоли якранг доранд. Замони ҷиҳод ҳамин чеҳраҳо буданд, пас аз соли 2001 ҳам ҳамин чеҳраҳо дар ҳукумат буданд, имрӯз дар ҳукумати нави технократҳо ҳам ҳаминҳо ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан санаи баргузории интихоботи президентӣ дар Афғонистон ба таъхир гузошта шуд. Ҳоло мушаххас гардидааст, ки моҳи июни соли равон дар Афғонистон интихоботи президентӣ доир мегардад. 20 январи соли 2019, охирин рӯзи сабти номзадҳо, даъвогарони аслӣ – президенти кунунии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва раиси кунунии ҳукумати иҷроияи ин кишвар Абдуллоҳ Абдуллоҳ худро ҳамчун номзад ба курсии президенти Афғонистон сабт карданд. Ҳамчунин, Латифи Пидром-раиси Кунгураи (конгресси) миллии Афғонистон, Гулбуддин Ҳикматёр-раиси Ҳизби исломии Афғонистон, Муҳаммад Ҳаким Торсун аз Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон, Залмай Расул – собиқ вазири корҳои хориҷӣ, Афғонистон, Нурул Ҳақ Улумӣ – собиқ вазири корҳои дохилӣ, Муҳаммад Ҳаниф Атмар – собиқ мушовири президенти Афғонистон, Аҳмад Валӣ Масъуд – раиси бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд, Раҳматулло Набил – собиқ роҳбари Мудирияти амнияти милллӣ низ номзадии худро дар интихобот гузоштаанд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...