Додгоҳи ноҳияи Оболони шаҳри Киев президенти пешини Украина Виктор Януковичро ғоибона 13 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ дар хиёнат ба давлат ва мусоидат ба "ҷанги таҷовузкорона зидди Украина" айбдор шуд.
Гуфта мешавад, додрас Януковичро дар робита ба айби таҷовуз ба тамомияти арзии Украина, ки ба марги одамон сабаб шудааст, бегуноҳ эълом кард.
Йайд мешавад, ки худи Янукович дар ҷаласаи додгоҳ ҳузур надошт. Ба гуфтаи вакили мудофеаш, ӯ ҷарроҳӣ шуда, феълан табобат мегирад.
Зимнан зикр мегардад, ки Додситонии кулли Украина пештар хоста буд, ки Янукович дар хиёнат ба давлат айбдор эълом ва 15 сол аз озодӣ маҳрум шавад.
Қобили зикр аст, ки президенти пешини Украина, ки пас аз эътирозҳои оммавӣ қудратро аз даст дод, аз соли 2014 ба ин сӯ дар Русия зиндагӣ мекунад.