Президенти ИМА Доналд Трамп 4 март муҳлати таҳримҳоеро, ки дар робита ба вазъи Украина зидди Русия ҷорӣ шуда буданд, боз як соли дигар дароз кард.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Кохи сафед, дар робита ба вазъи Украина бори нахуст зидди Русия 6 марти соли 2014 таҳрим ҷорӣ шуда буд.
Гуфта мешавад, ба эъломи таҳримҳо амалу сиёсатҳои ҳукумати Русия сабаб шуданд, ки ба раванд ва институтҳои демократии Украина осеб расонда, ба сулҳу субот, амният, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии он кишвар таҳдид мекунанд.
Зикр мегардад, ки дертар таҳримҳо афзоиш дода шуданд. Аз ҷумла моҳи декабри соли 2014 таҳримҳо ба далели ишғол шудани Қрим аз сӯи Русия афзоиш ёфтанд.
"Амалу сиёсатҳои дар фармон дарҷшуда ҳанӯз ҳам таҳдидҳои ғайриодиеро ба амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии ИМА дар пай доранд. Бинобар ин, таҳримҳои соли 2014 эъломшуда пас аз 6 марти соли 2019 низ бояд амал кунанд", – оварда шудааст маълумоти дарҷёфта дар иттилоияи Трамп.