Додгоҳе дар Шветсия Давид Идриссон (Фарҳод Тошмуҳаммадов), шаҳрванди 47-солаи Ӯзбекистонро барои омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар ин кишвар ҳафт сол аз озодӣ маҳрум кард.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мақомот гуфтаанд, ҳамла бояд аз номи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" анҷом мешуд ва онҳо пешгирӣ кардаанд.
Гуфта мешавад, расонаҳои Шветсия рӯзи 9-уми март ба нақл аз мақомот гуфтаанд, аз Давид Идриссон маводи кимиёӣ гирифта шудааст, ки метавонист дар таҳияи бомба ба кор равад. Ӯ баъди адои давраи ҷазо умрбод аз Шветсия ихроҷ хоҳад шуд.
Фарҳод Тошмуҳаммадов соли 2008 баъди кӯчидан ба Шветсия номашро ба Давид Идриссон тағйир дод. Ӯ дар ин кишвар паноҳанда буд.
Муҳокимаи панҷ ӯзбекистонӣ ва як шаҳрванди Қирғизистон моҳи январи имсол дар Стокголм оғоз ёфт. Ин афрод дар омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар Шветсия ва сармоягузории гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" гумонбар шудаанд.
Дар изҳороти Додситонии Шветсия гуфта шудааст, "се нафар аз муттаҳамон маводи кимиёӣ ва таҷҳизоти дигарро дастрас карда буданд, то одамони бисёрро бикушанд ва захмӣ кунанд. Агар ин ҳамла сурат мегирифт, ба Шветсия зарари зиёд мерасид."
Зимнан зикр мегардад, ки вале боздоштшудаҳо иттиҳомро рад кардаанд.