Бар асари обхезиҳо дар вилояти Форс дар ҷануби Эрон ҳадди ақал 19 нафар ҳалок ва наздики 100 тани дигар ҷароҳатҳи гуногун бардоштанд, хабар медиҳад Euronews.
Шаҳри Шероз мавриди зарбаи офати табиӣ қарор гирифт. Тибқи маълумоти хадамот оид ба вазъҳои буҳронӣ, дар натиҷаи боришоти шадиди пайдарпай аз 31 вилоят (устон) дар 25 вилоят ҳодисаҳои обхезӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ҳафтаи сипаришуда дар қисмати шимолии Эрон низ боришоти шадид рух дода, дар натиҷа дарёҳо аз соҳил баромада, шаҳру деҳаҳо зер об монданд. Маҷрои селҳо роҳ ва заминҳои кишти фермеронро шустанд.
Бино ба маълуомти ВАО-и маҳаллӣ, дар 70 деҳаи вилояти Гулистон ва беш аз 200 деҳаи Мозандарон ҳадди ақал 56 ҳазор нафар аз ин офати табиӣ осеб дидаанд.
Ҳукуматдорони Эрон аҳолиро аз эҳтимоли рух додани обхезиҳо дар шаҳри Теҳрон ва ҳамчунин вилояти Ҳузистон дар ду рӯзи наздик огоҳ кардаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.