Шоми 15-уми апрел дар калисои "Нотр Дам" дар шаҳри Париж, ки беш аз 700-сола аст, сӯхтор сар зад. Ин калисо яке аз маҳбубтарин гӯшаҳои сайёҳии Фаронса аст ва солона беш аз 13 миллион нафар аз онҷо боздид мекунанд.
Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, як сухангӯи калисо ба хабаргузории "Фаронса" гуфтааст, сохтори чӯбӣ, ки сақфро нигаҳ медошт, дар оташ аз байн рафтааст. Бар асари сӯхтор сақфи калисо, манора пурра хароб ва соати Нотр-Дам-де-Пари вайрон шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар хабари санаи 16 апрели нашрияи Le Figaro маълумот дода мешавад, ки сӯхтор дар калисои Нотр –Дам-де-Пари пурра хомӯш карда шудааст.
Дар ВКД таъкид доштаанд, ки алҳол муайян кардани сабаби сар задани сӯхтор барвақт аст. Тибқи маълумоти хабаргузории Sputnik Тоҷикистон, мувофиқи маълумоти пешакӣ, сабаби сар задани сӯхтор корҳои таъмиру тармими калисо шудааст.
Калисои Ҷомеи Париж дар садаҳои XII-XIV бунёд шуда, ин ҳама муддат яке аз ёдгориҳои машҳури Аврупо ва рамзи пойтахти Фаронса ба шумор мерафт ва аз маконҳои маҳбуби ҷаҳонгардон буд.