Бар асари бетартибиҳо дар зиндони бузургтарини Пули Чархӣ дар Кобул 4 нафар маҳбусон ҳалок ва 13 тани дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора Xinhua хабар медиҳад.
“Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш доданд, ки дар чанде аз қисматҳои зиндони Пули Чархӣ санҷиш гузаронида шавад. Чор бино субҳ аз назар гузаронида шуда, аммо пас аз нисфирӯзӣ ҷанҷолу задухӯрдҳо ба амал омад, ки дар ҷараёни он як гурӯҳи маҳбусон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамла карданд”, – қайд мешавад дар хабар.
Дар ҷараёни задухӯрд, ки рӯзи 14 май ба вуқӯъ пайваст, 20 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷароҳат бардоштанд.
Бино ба маълумоти хабаргузорӣ, зиндониён талош кардаанд, ки аз дасти кормандони пулис силоҳашонро кашида гиранд, аз ин рӯ, ба посбонон лозим омадааст, ки ба ҳаво тир кушоянд.
Гуфта мешавад, вазъ дар зиндон айни замон зери назорат гирифта шуда, тафтиши хизматӣ ҷараён дорад.
Пули Чархӣ зиндони маъруф ва бузургтарин дар Афғонистон аст. Он барои адои ҷазои ҷинояткорони махсусан хатарнок таъин шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.