spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Даргузашти собиқ президенти Миср дар толори додгоҳ

Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури собиқи Миср дар толори додгоҳ аз ҳуш рафта ва фавтидааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба телевизиони давлатии Миср, ӯ рӯзи 17-уми июн ҳангоми муҳокима дар додгоҳе дар Қоҳира ҷон дод. Ҷасадашро ба шифохона бурдаанд.

Гуфта мешавад, Муҳаммад Мурсии 67-сола, аз раҳбарони асосии "Ихвон-ул-муслимин", яке аз созмонҳои исломии мамнӯъ дар Миср буд. Ӯро баъди як соли раёсати ҷумҳурӣ дар Миср дар соли 2013 баъди тазоҳуроти азими мардумӣ артиши кишвар барканор кард.

Баъд аз ин фаъолияти гурӯҳи “Бародарони Мусалмон" (Ихвон-ул-муслимин), ки аз Мурсӣ пуштибонӣ мекард, манъ карда шуд ва ҳазорон аъзои он ба зиндон андохта шуданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳукми дубораи ҳабси абад ба собиқ президенти Миср

Мурсӣ аввалин раиси ҷумҳуре буд, ки пас аз сарнагунии ҳукумати Ҳуснӣ Муборак аз роҳи демократӣ дар интихобот раҳбари як кишвари арабӣ шуд. Вайро ба хиёнат ба ватан муттаҳам мекарданд ва аз соли 2013 дар зиндон буд.

Созмони Human Rights Watch гуфт, марги Муҳаммад Мурсӣ "фоҷиаангез", вале "пешгӯишаванда" буд, чун мақомот иҷоза надоданд, ки ба ӯ кумаки пизишкӣ расонда шавад.

Яке аз аъзои баландпояи созмони "Бародарони Мусалмон" дар Лондон Муҳаммад Судан марги Мурсиро ба "куштори аз қабл тарҳрезишуда" баробар донист. Раҷаб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, ки бо Мурсӣ робитаи зич дошт, ӯро "шаҳид" ном бурд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...