Султони иёлати (штати) Келонтони Майлайзия Муҳаммади V пас аз як соли ҳамзистӣ бо ғолиби озмуни “Мисс Москва-2015” (Маликаи Москва-2015) Оксана Воеводина аз ҳамсараш ҷудо шуд.
Тавре New Strait Times хабар медиҳад, ҳуҷҷатҳо дар бораи бекор кардани ақди никоҳ рӯзи 22 июн ба суд пешниҳод гардида, санаи 1 июл расмиёти ҷудошавии онҳо анҷом ёфтааст. Ҷузъиёти бекор шудани шудани ақди никоҳи онҳо саҳеҳан маълум нест, менависад Медуза.
Маросими ақди никоҳи Муҳаммади V ва Оксана Воеводина моҳи июни соли 2018 баргузор шуда, дар ин бора хабарҳои расмӣ чоп нашуда буданд. Танҳо моҳи ноябр матбуот аз ин огаҳӣ ёфт.
Муҳаммади V соли 2016 ба муҳлати панҷ сол шҳи Малайзия интихоб шуда моҳи январи соли 2019 эълом дошт, ки аз тахт даст мекашад. Ӯ нахустин дар таърихи кишвар шоҳест, ки ба тарки салтанат то анҷоми муҳлати сари тахт нишастан тасмим гирифтааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.