Нерӯҳои демократии Сурия – артиши мусаллаҳи курдӣ, ки шимолу шарқи Сурия зери назорат дорад – бо ҳукумати Башор Асад дар бораи мустақар сохтани неруҳои ҳукуматӣ дар бархе аз шаҳрҳо бо ҳадафи ҳимоят аз Туркия, созишнома баст.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, пештар аз ин артиши Сурия иттилоъ дода буд, ки фармони ҳаракат ба шимоли кишварро гирифтааст, то бо "хушунати Туркия" мубориза барад.
Субҳи рӯзи душанбе артиши Асад шаҳри Тел-Тамерро ғасб кард, ки ин шаҳр дар самти ҳаракати артиши Туркия қарор дорад. Ҳамчунин хабар дода мешавад, назорати пойгоҳи ҳавоии Табка ба ихтиёри артиши Сурия гузаштааст. Ин пойгоҳ дар гузашта дар ихтиёри эътилофи низомии бо роҳбарии ИМА буд.
Бар асоси созишнома, артиши Асад бояд вориди шаҳрҳое шаванд, ки дар самти ҳаракати артиши Туркия қарор доранд ва ба ин тартиб, Туркияро ба чолиш кашанд – артиши Туркия ё бояд бо артиши ҳукуматии Сурия вориди набард шавад ва ё Сурияро тарк кунад. Пештар аз ин Туркия гуфт, ки бо артиши Сурия ҷангиданӣ нест.
Намояндагони курдҳои Сурия гуфтанд, созишнома бо Асад айни ҳол танҳо бахши низомиро дар бар мегирад. Масоили сиёсии сохтори ояндаи шимолу шарқи Сурия ҳанӯз муҳокима нашудааст. Ба гуфтаи намояндагони курдҳо, баъди он ки ИМА тасмими берун бурдани артишашро аз Сурия эълом кард, онҳо маҷбур шуданд, барои ҳимояти худ ба Димишқи расмӣ муроҷиат кунанд.
Вазорати мудофиаи Русия то кунун расман ҳаводиси ахирро дар Сурия шарҳ надодааст. Маълум нест, ки Русия ҳаракати артиши Сурияро ба шимоли он кишвар ҳимоят мекунад ё на.
Мақомоти Туркия ҳам вазъи охирро шарҳ надоданд. Пештар аз ин онҳо гуфта буданд, ки ҳадафи амалиёташон – барқарории минтақаи амни 30-километрӣ дар марзи Туркия бо Сурия аст. Туркия артиши мусаллаҳи курдҳоро террористӣ унвон мекунад.
Дар ҳамин ҳол, президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, дар якҷоягӣ бо сенаторҳо дар садади таҳияи таҳримҳои сахт нисбати Туркия аст. Интизор меравад, дар фурсатҳои наздик Иттиҳоди Аврупо ҳам нисбати Туркия ба далели ҳамла ба шимолу шарқи Сурия таҳрим ҷорӣ кунад.